Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Намояндагии доимӣ бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонад, ки рӯзи 8 октябри соли 2020 дар Котиботи СУС ҷаласаи ғайрирасмии роҳбарони ҳайатҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа машваратҳои марҳилаи дуюми даври сеюми раванди интихоби Директори генералӣ, ки аз 24 сентябр то 6 октябри соли 2020 давом кард, натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ин марҳила дар машварат бо кишварҳои аъзо шумораи номзадҳо аз 5 то 2 нафар кам карда шуданд. Баъд аз натиҷагирии машваратҳои марҳилаи дуюми даври сеюм номзадҳо аз кишварҳои Нигерия ва Кореяи Ҷанубӣ ба марҳилаи сеюм, яъне марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар раванди машваратҳо Раиси Шӯрои генералиро раисони Мақомот оид ба ҳалли баҳсҳо ва тафсири сиёсати савдо кумак менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки аз миёни ду номзад, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд,  Намояндагии доимӣ аз оғози раванди интихоби Директори генералӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишвари Кореяи Ҷанубӣ номзад аз ин давлатро қобили таваҷҷуҳ шуморида буд.
Ҳамакнун дар марҳилаи ниҳоии машваратҳои даври сеюм, ки аз 19 то 27 октябри соли 2020 давом мекунад, дар машварат бо аъзо аз миёни ду номзад Директори генералии СУС интихоб карда мешавад.
Бо назардошти супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2020, №17854 (22.6) ва таҷрибаи қаблӣ барои муайян намудани мавқеи расмии кишвар Намояндагии доимӣ салоҳ мешуморад, ки ҳангоми интихоби номзад ба вазифаи Директори генералии СУС назари Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба инобат гирифта шавад.
Намояндагии доимӣ аз ҷониби худ минбаъд низ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо СУС раванди интихоби Директори генералиро пайгирӣ намуда, аз натиҷааш марказро дар ҷараён хоҳад гузошт.

Баргашт ба руйхат