Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Роберто Азеведо - Директори Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар номаи худ Завқизода Завқӣ Аминро ба ҳайси Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардиданашон шодбош гуфта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори муҳим дар самти савдои хориҷӣ арзёбӣ намудааст.
Қайд гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариш ёфтани низоми савдои ҷаҳонӣ ва ислоҳоти фаъолияти СУС ба як қатор ташаббусҳо, аз ҷуммла соддагардонии расмиёти савдо, сармоягузорӣ ва ҳалли баҳсҳо шомил гардидааст, ки ин бевосита барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор байни кишварҳои аъзои созмон таъсир мерасонад.
Инчунин Роберто Азеведо аз ҷониби Тоҷикистон истиқбол намуда, иштирок ва нақши ҳайати тарафи кишварро дар баррасии масъалаҳои 12-умин Конфронси Вазирони СУС, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, зарур шуморидааст.
Дар охир Директори генералии СУС ба Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар адои вазифаи пурмасъулияташон барору комёбиҳо орзу намуда, рушди бештари ҳамкориҳоро дар доираи созмон таъкид намудааст.
03.03.2020

Баргашт ба руйхат