Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Рӯзҳои 23-27 сентябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) бо иштироки ҳайати расмии Котиботи СУС ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таҳия карда шуд.
Қайд бояд кард, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС рӯзҳои 22-24 апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда, дар робита ба он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии қайдгардида нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.
Инчунин дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СУС фаъолияти доимӣ дорад.
Ҳамзамон рӯзи 27 сентябр мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А.  бо ҳайати расмии Котиботи СУС оид ба баррасии лоиҳаи якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рафти он масъалаҳо вобаста ба қадамҳои минбаъда барои дар сатҳи баланд баргузор намудани якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СУС муҳокима гардиданд.

Баргашт ба руйхат