Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Санаҳои 15-17 апрели соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо семинар – машварат дар робита ба омода намудани лоиҳаи ҳисоботи якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС), ки баргузории он тибқи розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2020 дар назар аст, гузаронида шуд.

Дар кори чорабинии қайдгардида Директори Шӯъбаи Тафсири сиёсати савдои СУС Вилли Алфаро,  мушовирон аз ин Шӯъба ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС дар рафти семинар – маршварат аз ҷониби ҳайати коршиносони Котиботи СУС вобаста ба шакл ва раванди баргузории Тафсири сиёсати савдо аз ҷониби кишварҳои аъзои СУС рӯнамоҳо пешниҳод гардида, инчунин аз тарафи намояндагони мақомоти давлатӣ низ дар робита ба дастовардҳои ноилгардида ва рушди соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти савдои кишвар пас аз узвият дар СУС маърӯзаҳо пешкаш карда шуданд.

Қобили қайд аст, ки Тафсири сиёсати савдо тибқи талаботи принсипҳои СУС аз ҷониби кишваврҳои аъзо дар 7 сол як маротиба гузаронида шуда, дар доираи он ҳисобот оид ба корҳои ба сомон расонидашуда, дастовардҳо ва пешравиҳои давлатҳо дар давраи 7 сол баъд аз узвият пешниҳод ва баррасӣ карда мешаванд. 

 

Баргашт ба руйхат