Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Протоколи

љаласаи дуюми Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо

ш. Душанбе                                   №2                      «5» апрели соли 2017

Раисикунанда: Вазири рушди иќтисод ва савдо Н. Њикматуллозода

          Дар љаласа аз 24 нафар њайати аъзои Кумита, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 тасдиќ гардидааст, њамагї 20 нафар иштирок доштанд. Намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, вазоратњои адлия, молия, (аъзои Кумита) бо сабабњои номаълум дар љаласа иштирок надоштанд. Намояндагони вазоратњои наќлиёт, корњои хориљї, тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, Ќушунњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллї, Кумитаи андоз, хадамотњои назорати давлатии фитосанитарї, назорати давлатии байторї, назорати давлатии фаъолияти фармасевтї ва назорати давлатии санитарию эпидемиологї дар љаласа ба љои он ки иштироки аъзои Кумитаро, ки тибќи ќарори болозикр тасдиќ гардидааст, таъмин намоянд, намояндагони худро дар сатњи миёнаи роњбарони воњидњои сохторї равон намудаанд. Инчунин, дар кори љаласа аз 12 нафар намояндагони ташкилотњои тиљоратї ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон (аъзои Кумита) 7 нафар иштирок варзиданд. Намояндагони ташкилотњои тиљоратї ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон, аз љумла Ассотсиатсияи фармасевтони Љумњурии Тољикистон, Ширкати суѓуртавии «Мењнат», ЉДММ «Газпром нефт-Тољикистон», ЉСП «Олим-текстайлз» ва Ташаббуси шањрвандии сиёсати интернетї (ГИПИ) (аъзои Кумита) бо сабабњои номаълум дар љаласа иштирок надоштанд. Тибќи рўзномаи љаласа барои баррасї 6 масъала пешнињод гардида буд, аз љумла:

1.     Рўнамо дар робита ба мушкилотњои мављуда дар пешбурди фаъолияти марбут ба расмиёти содиротию воридотї ва транзити молњо (аз љониби намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон).

2.     Тасдиќи лоињањои Наќшаи чорабинињо оид ба таъмини мутобиќати ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба муќаррароти Созишнома дар бораи соддагардонии расмиёти савдо ва Наќшаи чорабинињо бањри таъмини мутобиќати ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон бо муќаррароти Конвенсияи байналмилалї оид ба соддагардонї ва њамоњангсозии расмиёти гумрукї (Конвенсияи таљдидгардидаи Киото).

3.     Муњокимаи лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќи Наќшаи чорабинињо оид ба кам кардани ваќт ва харољотњои субъектњои фаъолияти иќтисодии хориљї барои содирот, воридот ва транзити молњо».

4.     Муњокима ва ќабули Наќшаи кори Кумита барои солњои 2017-2018.

5.     Тасдиќ намудани рўйхати намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон барои аъзогї ба Кумита.

6.     Таъсиси Гурўњи кории техникї бо роњбарии намояндаи Хадамоти гумрук барои пешбурди масъалањои Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиётњои содиротию воридотї ва транзити молњо.

7.     Дигар масъалањо.

          Тањти роњбарии Вазири рушди иќтисод ва савдо муњтарам Н. Њикматуллозода-Раиси Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо љаласаи дуюми Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо баргузор гардид. Дар љаласаи мазкур намояндагони вазорату идорањои дахлдори Љумњурии Тољикистон-аъзои Кумита, бахши хусусї (аъзои Кумита) ва ташкилотњои байналмилалї иштирок намуданд.

          Пешнињод гардид, ки бо назардошти он ки дар љаласа ќабули якчанд њуљљат пешбинї гардидааст, масъалаи 5 (Тасдиќ намудани рўйхати намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон барои аъзогї ба Кумита) ба масъалаи 2 (Тасдиќи лоињањои Наќшаи чорабинињо оид ба таъмини мутобиќати ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба муќаррароти Созишнома дар бораи соддагардонии расмиёти савдо ва Наќшаи чорабинињо бањри таъмини мутобиати ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон бо муќаррароти Конвенсияи байналмилалї оид ба соддагардонї ва њамоњангсозии расмиёти гумрукї (Конвенсияи таљдидгардидаи Киото)) љойиваз карда шаванд.

          Тибќи рўзномаи љаласа ду рўнамо дар робита ба мушкилотњои мављуда дар пешбурди фаъолияти марбут ба расмиёти содиротию воридотї ва транзити молњо аз љониби намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон пешкаши аъзои Кумита ва иштирокчиёни љаласа гардонида шуд. Ќайд гардид, ки барои дастрас намудани маълумот имрўз мушкилињои зиёд љой доранд. Масалан, агарчанде сомонањои расмии вазорату идорањо таъсис дода шуда, фаъолият дошта бошанд њам дар онњо маълумотњои зарурї барои соњибкорон љойгир нашудаанд. Аз љониби бахши хусусї дархост гардид, ки тавсияњои дар рўнамо пешнињодгардида бо ќарори дахлдори љаласа ба имзо расонида шуда, барои иљро ба вазорату идорањои љумњурї ирсол карда шаванд. Намояндаи Палатаи савдо ва саноат (аъзои Кумита) дар робита ба арзиши гумрукии молњо, инчунин сертификатсиякунонии молу мањсулоти тару тоза, ки ваќт ва харољоти зиёдатиро талаб менамояд, суолгузорї намуд. Ќайд гардид, ки барои содирот намудани мањсулоти тару тоза њам аз Агентии Тољикстандарт ва њам аз Вазорати кишоварзї сертификат зарур мебошад, ки ин монеањои техникии иловагиро ба вуљуд меорад. Н. Њикматуллозода пешнињод намуданд, ки бо роњбарии Агентии «Тољикстандарт» дар њамкорї бо вазоратњои рушди иќтисод ва савдо, кишоварзї, Палатаи савдо ва саноат тибќи тартиби корї масъалаи сертификатсия мањсулоти тару тоза мавриди баррасї ќарор дода шавад. Раиси Кумита - Вазири рушди иќтисод ва савдо Н. Њикматуллозода рўнамоњоро натиљагирї намуда, ќайд намуд, ки масъалаи мављудияти монеањои техникї дар савдо нињоят муњим буда, бартараф кардани онњо метавонад барои рушди содирот дар кишвар мусоидат намояд ва супориш доданд, ки масъалаи мазкур аз љониби масъулин мавриди тањлили амиќ ќарор дода шавад. Таъкид гардид, ки аъзои Кумита метавонанд таклифњои худро дар робита ба тавсияњои рўнамоњо ба Котибот пешнињод намоянд. Инчунин, дархост гардид, ки љињати бењбуд бахшидани мавќеи Љумњурии Тољикистон дар таснифоти Бонки љањонї «Пешбурди соњибкорї» пешнињодњо барои ворид намудан ба наќшаи кори Кумита манзур карда шаванд.

          Сипас, ба аъзогии Кумита аз њисоби намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятї 12 нафар пешнињод гардида, бо ќарори дахлдори љаласа тасдиќ гардид.

          Аъзои Кумита лоињањои Наќшаи чорабинињо оид ба таъмини мутобиќати ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба муќаррароти Созишнома дар бораи соддагардонии расмиёти савдо ва Наќшаи чорабинињо бањри таъмини мутобиќати ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон бо муќаррароти Конвенсияи байналмилалї оид ба соддагардонї ва њамоњангсозии расмиёти гумрукї (Конвенсияи таљдидгардидаи Киото), ки барои тасдиќ пешнињод гардида буданд, бо назардошти пешнињоди Хадамоти гумрук якдилона ќабул намуданд.

          Дар робита ба масъалаи сеюми љаласа (лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќи Наќшаи чорабинињо оид ба кам кардани ваќт ва хароњотњои субъектњои фаъолияти иќтисодии хориљї барои содирот, воридот ва транзити молњо») муњокимаронї сурат гирифта, Н. Њикматуллозода таъкид намуданд, ки барои ирсоли лоиња ба вазорату идорањо аз љониби Вазорати рушди иќтисод ва савдо мактуби расмї манзур карда шавад. Пешнињод гардид, ки нисбат ба матни тољикии лоиња пешнињоду таклифњо дар муњлати 10 рўз ба Котибот ирсол карда шаванд ва лоиња барои баррасї ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шавад.

          Наќшаи кори Кумита барои солњои 2017-2018 аз љониби аъзои Кумита муњокима ва ќабул гардид. Пешнињод гардид, ки минбаъд дар њар љаласа оид ба њолати иљрои бандњои дахлдори Наќшаи кори Кумита аз љониби масъулини соња њисобот манзур карда шавад.

          Тибќи рўзномаи љаласа бо маќсади пешбурди масъалањои Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиётњои содиротию воридотї ва транзити молњо Гурўњи кории техникї бо роњбарии намояндаи Хадамоти гумрук бо назардошти эродњои намояндаи Хадамоти гумрук (аъзои Кумита). Таъсис дода шуд. Дар робита ба таъсиси ин Гурўњ ќайд гардид, ки аз љониби баъзе вазорату идорањо сатњи лозимї пешнињод нагардидааст. Бинобар ин зарур шуморида шуд, ки вазорату идорањое, ки сатњи зарурии мутахассисонро таъмин накардаанд, такроран бо мактуби расмї намояндаи худро дар сатњи сардори Раёсат/муовини сардори Раёсат барои шомил намудан ба Гурўњи кории техникї (фаннї) пешнињод намоянд.

          Директори генералии Маркази савдои “Ашан” (аъзои Кумита) дар робита ба ду масъала, аз љумла масъалаи фарќияти маблаѓњои хазинавї нисбат ба маълумоти дар њуљљат мављудбуда ва мушкилоти мављуда бо маќомоти андоз ва масъалаи таъмин намудани маркази савдо бо мањсулоти ватанї тавассути њамкорї бо хољагињои дењќонї суханронї намуд. Дар навбати худ, намояндаи Кумитаи андоз дар робита ба масъалаи фарќияти маълумотњо ќайд намуд, ки ин характери субъективї низ дорад ва аз таљрибаю малакаи кормандони маќомоти андоз вобастагї дорад. Аз љониби Раиси Кумита-Вазири рушди иќтисод ва савдо пешнињод гардид, ки аз њисоби намояндагони Вазоратњои рушди иќтисод ва савдо, молия, Кумитаи андоз ва дигар идорањои дахлдор Гурўњи кории байниидоравї таъсис дода, масъаларо рафта дар љояш дида, хулосаи дахлдор пешнињод намоянд.

          Намояндаи Ассотсиатсияи Агробизнеси Тољикистон (аъзои Кумита) дар робита ба мушкилоти мављуда миёни соњибкорон ва маќомоти андоз дар масъалаи арзиши гумрукии мол ибрози аќида намуда, таъкид сохт, ин њолат бештари ваќт ба љаримабандї оварда мерасонад. Пешнињод гардид, ки оид ба масъалаи мазкур дар љаласаи навбатии Кумита рўнамо манзури аъзои Кумита ва иштирокчиён гардонида шавад. Н. Њикматуллозода дар робита ба фарќияти маълумотњои оморї њангоми амалиётњои содиротию воридотї ибрози андеша намуд. Инчунин, таъкид гардид, ки аз љониби масъулин муќаррароти Созишномаи СУС оид ба содагардонии савдо риоя карда шуда, интиќоли мањсулотњои кишоварзї тавассути долони сабз амалї карда шаванд. Аз љониби аъзои Кумита пешнињод гардид, ки Гурўњи кории техникї доир ба масъалањои андозбандї таъсис дода шавад. Коршиноси Маркази байналмилалии тиљорат А. Дурранї дар љаласа иштирок намуда, дар робита ба Наќшаи кори Кумита ва хисоботе, ки аз љониби у бо дастгирии бевоситаи Маркази байналмилалии тиљорат барои таъсис додани Кумита омода гардида буд, ибрози аќида намуд. Аз љумла, Дурранї ќайд намуд, ки масъалањое, ки дар наќшаи кори Кумита пешбинї гардидаанд, бояд гурўњбандї карда шаванд ва вобаста ба муњиммияти онњо авлавиятњо муайян карда шаванд. Инчунин аз аъзои Кумита ва иштирокчиён даъват ба амал овард, ки бо њисоботи болозикр шинос шаванд.

          Аз љониби Раиси Кумита-Вазири рушди иќтисод ва савдо аъзои Кумита вазифадор гардиданд, ки оид ба тањияи наќшаи кори Кумита барои соли 2017 таклиф ва пешнињодњои худро ба Котиботи Кумита то љаласаи навбатї пешнињод намоянд. Инчунин, ќайд гардид, ки Протоколи љаласа бо назардошти пешнињоду таклифњо тањия карда шавад.

          Аз натиљаи масъалањои баррасишуда љаласаи Кумита ќарор ќабул намуд:

         

1.     Љињати баррасии масъалаи фарќияти маблаѓњои хазинавї нисбат ба маълумоти дар њуљљат мављудбуда ва мушкилоти мављуда бо маќомоти андоз ва масъалаи таъмин намудани маркази савдо бо мањсулоти ватанї аз њисоби намояндагони Вазоратњои рушди иќтисод ва савдо, молия, Кумитаи андоз ва дигар идорањои дахлдор Гурўњи кории байниидоравї таъсис дода, масъаларо дар љояш дида, хулосаи дахлдор пешнињод намоянд.

2.     Лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќи Наќшаи чорабинињо оид ба кам кардани ваќт ва харољотњои субъектњои фаъолияти иќтисодии хориљї барои содирот, воридот ва транзити молњо» такмил дода шуда, барои баррасї ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шавад.

3.     Љињати баррасї ва њалли масъалањои андозбандї Гурўњи кории техникї таъсис дода шавад.

4.     Љињати ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон љињати мутобиќ намудани он ба талаботи Созишнома оид ба соддагардонии расмиёти савдо Гурўњи кории техникї таъсис дода шавад.

5.     Бо маќсади гузаронидани тањлил ва пешнињод оид ба татбиќи амалии Конвенсияњои байналмилалї дар соњаи њамлу наќл ва транзит Гурўњи кории техникї таъсис дода шавад.

6.     Аъзои Кумита вазифадор мегарданд, ки оид ба њолати иљрои бандњои дахлдори Наќшаи кори Кумита ба Котиботи Кумита мунтазам маълумот пешнињод намоянд, њамзамон аз љониби Роњбарони Гурўњњои кории техникї оид ба њолати иљрои бандњои дахлдори Наќшаи кори Кумита дар њар љаласа њисобот манзур карда шавад.

7.     Тањлили моддаи 1 Созишнома оид ба содагардонии савдо (Нашр ва дастрас будани ахбор), ки аз љониби намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон пешнињод гардидааст, барои баррасї ва чораљўї ба вазорату идорањо (аъзои Кумита) ирсол карда шуда, аз натиљаи иљрои онњо ба Котиботи Кумита пайваста ахборот манзур карда шавад (мунтазам).

                 

                   Раис                                                                  Н. Њикматуллозода

            

                   Котиби масъул                                       И. Ќосимов

Баргашт ба руйхат