Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Мутобиқи талаботи Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва бо маќсади таъмини њамкории байниидоравии вазорату идорањои дахлдор, корхонањо ва ташкилотњо, таъмини њамкории минтаќавї ва байналмилалї дар масъалаи соддагардонии расмиёти савдо ва боркашонї дар савдои хориљї дар кишвар бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 “Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо” таъсис дода шуд. Амалї намудани муќаррароти Созишномаи мазкур имкон медињад, ки дар кишвар амалиётњои содиротию воридотї, транзити молхо ва идоракунии таваккал аз рўи принсипи “Равзанаи ягона”, ташкил карда шуда, њангоми интиќоли мањсулоти кишоварзї, аз љумла меваю сабзавот “долони сабз” ташкил карда шавад.

5-уми апрели соли 2017 дар Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон љаласаи дуюми Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо тањти роњбарии муовини якуми Вазири рушди иќтисод ва савдо Саидрањмон Назризода баргузор гардид.

Дар љаласа намояндагони вазорату идорањои дахлдори љумњурї (аъзои Кумита), ташкилотњои тиљоратї ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон (аъзои Кумита) ва ташкилоту созмонњои байналмилалии муќими кишвар иштирок намуданд.

Дар рафти љаласа аз љониби намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон рўнамо дар робита ба мушкилотњои мављуда дар пешбурди фаъолияти марбут ба расмиёти содиротию воридотї ва транзити молњо манзур гардида, лоињањои Наќшаи чорабинињо оид ба таъмини мутобиќати ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба муќаррароти Созишнома дар бораи соддагардонии расмиёти савдо ва Наќшаи чорабинињо бањри таъмини мутобиќати ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон бо муќаррароти Конвенсияи байналмилалї оид ба соддагардонї ва њамоњангсозии расмиёти гумрукї (Конвенсияи таљдидгардидаи Киото) барои тасдиќ пешнињод гардиданд. Инчунин, лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи тасдиќи Наќшаи чорабинињои минбаъда оид ба соддагардонии расмиёти маъмурї барои содирот, воридот ва транзити молњо” ва Наќшаи кори Кумита барои солњои 2017-2018 мавриди муњокимаронї ќарор гирифтанд. Дар рафти љаласа рўйхати намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон барои аъзогї ба Кумита тасдиќ гардида, барои пешбурди масъалањои Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиётњои содиротию воридотї ва транзити молњо тањти роњбарии муовини Раиси Хадамоти гумрук Гурўњи кории техникї таъсис дода шуд.

Баргашт ба руйхат