Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

     Вазорати рушди иқтисод ва свадо бо мақсади тасдиқ намудани Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ (ТРИПС) расмиёти дохилидавлатиро шуруъ намуд.

     Протоколи мазкур ворид намудани маддаи 31bis баъд аз моддаи 31 ва Замима баъд аз моддаи 73 Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳниро (ТРИПС) дар назар дорад.

     Моддаи 31bis бо мақсади ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ва камрушдкардаи аъзои СУС ҳуқуқи судури иҷозатномаи ҳатмӣ барои истеҳсол ва воридоти маводҳои дорувории патентонидашудаи нисбатан арзон, таҳия карда шудааст.

     Механизми мазкур дар натиҷаи баҳсҳо ва эътирозҳои вобаста ба ҳалли мушкилии дастрасӣ ба маводҳои дорувории гаронбаҳо аз ҷониби кишварҳои аъзои СУС, ки иқтидори истеҳсолии нокифоя дар соҳаи фармасевтӣ доранд, таҳия шудааст.

     Қобили зикр аст, ки моддаи 31 Созишномаи ТРИПС, ки айни замон тартиби судури иҷозатномаи ҳатмиро барои истеҳсол ва воридоти маводҳои дорувории патентонидашудаи нисбатан арзон пешбинӣ намудааст, аз ҷониби кишвари истифодабарандаи чунин иҷозатнома пардохти ҳатмии ҷуброни молиявии ба соҳибпатент расонидашударо дар назар дорад.

     Ҳангоми мавриди амал қарор гирифтани Протоколи мазкур кишварҳои аъзои СУС бо истифода аз “Низоми” махсуси дар Протокол пешбинишуда метавонанд, бе пардохти ҳатмии ҷубронпулӣ ба соҳибпатент дар ҳолатҳои миллии фавқулода ё дигар вазъиятҳои шадиди дорои таҳдид ба солимии аҳолӣ, ки аз ҷониби ҳукуматҳо андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо менамоянд, истеҳсол ё воридоти маводҳои дорувории нусхаҳои аслии нисбатан арзонро ба роҳ монанд.

     Афзалияти Протоколи мазкур дар он аст, ки дар раванди гуфтушунидҳо кишварҳои рӯ ба инкишоф ва камрушдкардаи аъзои СУС, тавонистанд мавқеи худро ҳимоя намоянд. Яъне, Протокол танҳо бо номгӯи дорувориҳо барои бемориҳои муайян, ба монанди: табларза, сил, ВНМО/БПНМ ва ғайра маҳдуд набуда, ҳамаи намуди дорувориҳоро фаро гирифтааст.

     Қобили тазаккур аст, ки Протоколи мазкур механизми истеҳсол ва воридоти маводҳои фармасевтӣ, талаботҳо барои хусусиятҳои фарқкунандаи онҳо ҳангоми ҳамлу нақл, ҳуқуқҳои субъектҳои муомилоти ин навъи маҳсулотро дар шароити аъзогӣ дар минтақаҳои савдои озод ва дар алоҳидагӣ, ба танзим даровардааст.

     Дар маҷмӯъ татбиқи Протоколи мазкур барои рушди соҳаи фармасевтӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Баргашт ба руйхат