Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Вазорати рушди иқтисод ва савдо эҳтиромона ба иттилои Шумо мерасонад, ки тибқи супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2015 №17255 (22-2) дар назди Вазорат Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС таъсис дода шудааст.
Гурӯҳи корӣ ҷаласаи якуми худро рузи 15 апрели соли 2015 бо иштироки намояндагони ташкилоту идораҳои байналмилалӣ баргузор намуд.
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ рузи 12 июни соли 2015 соати 14:00 то 16:00 дар бинои Вазорат ба нақша гирифта шудааст. Дар рафти ҷаласа лоиҳаи ҳисоботи ӯҳдадориҳо дар назди СУС ва беҳтаргардонии танзими хизматрасониҳо дар Тоҷикистон: Арзёбии меъёрии савдои хизматрасониҳо ва сармоягузориҳо аз ҷониби миссияи Бонки ҷаҳонӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида мешавад.

Баргашт ба руйхат