Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Сеюмин Мизи Мудаввари Хитой
Бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Ҷаноби Олӣ, ки аз суханрониашон дар Ҷаласаи Шӯрои Генералии СУС 10 декабри соли 2012 ба муносибати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС бармеояд, Котиботи СУС даъват ба амал овардааст, ки рузҳои 1-5 июни соли 2015 Конфронси байналмилалии «Сеюмин мизи мудаввари Хитой»-ро дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор намояд. Баргузории чунин чорабинии байналмилалӣ ба раванди васеъ намудани сарҳадҳои СУС тавассути шомилшавии кишварҳои нав ба созмони мазкур, табодули таҷриба бо кишварҳои аъзо ва нозир, инчунин такмили иқтидорҳо барои рушди савдои байналмилалӣ, нерӯи тоза мебахшад. Чорабинии мазкур рузҳои 1-5 июни соли 2015 дар меҳмонхонаи «HYATT Regency» баргузор мегардад.

Баргашт ба руйхат