Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба Соддагардонии расмиёти савдо

 

3-6 декабри соли 2013 дар 9-мин Конфронси Вазирони Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС), ки дар Балӣ, Индонезия баргузор гардида буд, кишварҳои аъзои созмони мазкур Созишномаи СУС оид ба Соддагардонии расмиёти савдоро ба тасвиб расонидаанд.

Дар иртибот, Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон бањри гузаронидани расмиёти дохилидавлатї барои тасдиќ намудани созишномаи мазкур, лоињаи ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон “Оид ба тасдиқ намудани Созишномаи Созмони умумиљањонии савдо оид ба Соддагардонии расмиёти савдо”-ро тањия намуда, ба Вазорату идорањои дахлдор барои баррасӣ ирсол намуд.

Созишномаи болозикр кишварҳои аъзои СУС-ро муваззаф месозад, то расмиётҳои гумрукиро беҳтар намуда, шаффофият ва муассириятро боло баранд ва ҳамчунин ҳамкориро миёни ниҳодҳои фаъол дар марз ва бахши хусусӣ ба роҳ монанд.

Муҳимияти созишномаи мазкур дар он аст, ки хароҷотҳои вобаста ба созишҳои тиҷоратие, ки пеш аз ҳама ба арзиши расмиёти гумрукии молҳои воридотию содиротӣ алоқаманданд, тадриҷан кам мегардонад. Тибқи маълумотҳо тӯли 10-15 соли охир дар аксар кишварҳои аъзои СУС ҳолатҳои таваққуфи борҳо дар сарҳад то як чанд ҳафта мушоҳида мешаванд, ки боиси афзудани хароҷоти барасмиятдарории гумрукӣ мегарданд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳолати бамиёномада сабабгори суст шудани гардиши савдои хориҷӣ гардида, пардохти хароҷоти иловагӣ аз ҳисоби истеъмолкунандаи ниҳоӣ амалӣ мегардад. Ҳаҷми қиёсии хароҷотҳои иловагӣ вобаста ба созишҳои тиҷоратӣ бештар дар кишварҳои рӯ ба инкишоф мушоҳида мешаванд, ки ба худи онҳо зарарҳои молиявӣ мерасонанд.

            Ҳолати бамиёномада ҳангоми ба расмиётдарории фаъолияти воридотию содиротї барои корхонаҳои хурду миёнаи ватанӣ мушкилиҳои назаррасро эҷод менамояд. Дар натиҷа онҳо соҳиби мақоми пудратчии рақобатнопазир гардида, имконияти дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолият намуданро аз даст медиҳанд.

            Дар маҷмӯъ, дар амал ҷорӣ намудани Созишномаи мазкур метавонад ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла соддагардонӣ ва мукаммалгардонии расмиёти идоравӣ (маъмурӣ) дар ҳамаи зинаҳои амалисозии амалиётҳои савдои хориҷӣ ва барои кам кардан, маҳдуд сохтани расмиёт ва талабот ба ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо мусоидат намояд.

           

 

Баргашт ба руйхат