Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Таҷрибаандӯзии вакилони парлумони Тоҷикистон дар Туркия

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ Сафаралӣ Раҷабов ҷиҳати таҷрибаандӯзӣ аз ҳамтоҳои турки худ дар масъалаи таҳия ва қабули буҷети давлатӣ дар шаҳри Анқара қарор доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ба ҳайати парлумонӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов, Лутфулло Саидмуродов, Бег Қурбонов ва Ашӯрбек Расулов шомил мебошанд.

«Дар ҷараёни мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси миллии бузург (парлумон)-и Туркия Ирфон Назароғлу масолии табодули таҷрибаи миёни парлумонҳои кишварҳо дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ баррасӣ шуданд», - иброз дошт Султонов.

Ба қавли ӯ, дар доираи сафар вакилони тоҷик ҳамчунин бо раиси Кумитаи умури дохилии парлумони Туркия Мехмет Эрсой низ дидору гуфтушунид анҷом доданд.

Зимнан зикр гардид, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Туркия то рӯзи 8-уми декабр идома меёбад.

Баргашт ба руйхат