Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Роҳандозии муборизаи муштараки «Амонатбонк» ва Агентии зиддифасод зидди коррупсия

Дар толори маҷлисгоҳи бинои Раёсати Амонатбонк вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо кормандони Раёсати Бонк ва роҳбарони филиалҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тобеи марказ сурат гирифт, ки мақсад аз ин вохӯрӣ  маълумотнок намудани кормандон аз амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар ин вохӯрӣ  сардори Раёсати пешгирии коррупсионии Агентӣ, Бахтиёр Юсупов ва корманди ҳамин Раёсат  Далер Файзуллоев ширкат доштанд. Меҳмононро муовини Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов пазироӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ Бахтиёр Юсупов перомуни пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ дар корхонаву сохторҳои давлатӣ аз тарафи кормандон ва инчунин дар ташкилотҳои молиявию Бонкҳо, баҳри пешгирӣ намудани ҳамагуна хавфҳову амалҳои коррупсионӣ, гузаронидани аудити дохилӣ, маърӯза намуд. Зимни маърӯзаи худ Бахтиёр Юсуфов ҳамчунин зикр намуд, ки танҳо  маълумотнокии кормандон дар Бонк  хавфҳои эҳтимолияти  ба вуҷуд омадани амалҳои коррупсиониро пешгирӣ менамояд. 

Пас аз маърӯза муовини Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромов барои пешгирӣ намудани ҳамагуна амалҳои коррупсионӣ ва гузаронидани аудити дохилибонкӣ ибрози ақида намуданд. Дар хотима кормандон бо чанд суоли худ ба меҳмонон перомуни ин масъала посух гирифтанд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки Хадамоти матбуотии ҳарду сохтори давлатиро мебояд барои пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ бо пешниҳоди маводҳои иттилоотӣ аз қабили варақаҳои иттилоотӣ (буклетҳо) дар филиалҳои Бонк ҳамкориро қавӣ гардонида маълумотнокии кормандон ва мизоҷони Бонкро зиёд намоянд.

Баргашт ба руйхат