Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд аз натиҷаи арзёбии соҳаҳои савдо ва сармоягузории кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2019 нашрияи худро ба чоп расонид,  ки дар он Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин ва дастоварди муҳим миёни кишварҳои минтақа пазируфта шуд.
Дар нашрияи қайдгардида ба Портали савдои Тоҷикистон, ки расман 26 апрели соли 2019 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ, бо кӯмаки молиявии Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва дигар шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи Рушди СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия гардида, мавриди амал қарор гирифт, ҳамчун платформаи намунавӣ барои кам кардани вақт ва хароҷот ҳангоми содирот, воридот ва транзит, инчунин содда ва шаффоф гардонидани чораҳои ғайритарифӣ дар савдо баҳои баланд дода шудааст.
Коршиносони созмонҳои мазкур иштироки бахши хусусӣ ва ҷойгир намудани пешниҳоди онҳоро дар Портали савдои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, барои расидан ба рушди босуботи иқтисодӣ ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусиро яке аз самтҳои калиди ҳисоб менамоянд.
Айни замон дар Портал маълумот оид ба расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитии 51 гурӯҳи номгӯи молӣ баробар ба зиёда аз 1500 молу маҳсулот, аз ҷумла расмиёти содиротии 19 номгӯи маҳсулот, расмиёти воридотии 30 номгӯи маҳсулот ва расмиёти транзитии 2 номгӯи маҳсулот ҷойгир карда шудааст.
Инчунин дар Портали савдои Тоҷикистон маълумоти оморӣ оид ба имкониятҳои содиротии кишвар, давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти савдои хориҷӣ ҷой дода шудааст.

Баргашт ба руйхат